Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ману масҷид? Ҳама донанд, ки туҳмат бошад,

Ману масҷид? Ҳама донанд, ки туҳмат бошад, Кори ҳар тоифа бояд, ки ба нисбат бошад. Ман гадоям, ба ибодат нахарам боғи биҳишт, Дар атое, ки баҳо рафт, чӣ миннат бошад? Зуҳд кай кардаму чун рафт бар ин нест гувоҳ, Туҳмати хушк ниҳодан чӣ тариқат бошад? Хез, то ҷоми майи куҳна ғанимат шумарем, З–он ки ҳамсуҳбати дерина ғанимат бошад. Зоҳиду равзаи Ризвон, ману хоки дари ёр, Ҳар касеро ғаразе дархури ҳиммат бошад. Айби риндон натавон кард, ки дар мазҳаби ишқ Шоҳид аз мустаҳабу бода зи суннат бошад. Носиро, чист гуноҳи ту ба ҷанби карамаш? Зарраро дар бари хуршед чӣ қимат бошад?