Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Гар сарам хок шавад, дар кафи поят бошад

Гар сарам хок шавад, дар кафи поят бошад В-ар танам гард бувад, гарди ҳавоят бошад. Дили ман ҳаст барои ту, барои худ нест, Ҷон фидо бод дилеро, ки бароят бошад. Дар дили танги ман ар ҷой кунӣ, ҷоят ҳаст? Хонаи дида чӣ ҷоест, ки ҷоят бошад. Ҳама ҷо фош шавад зулфи ту чун мушк ба бӯй, Маҳрами хилват агар боди сабоят бошад. Магар аз ранҷи камар нест миёнат огоҳ В-арна бори дилаш аз чини қабоят бошад. Нозанино, ҳама кас чун ба ту доранд ниёз, Он ки султони ҷаҳон аст, гадоят бошад. Гар бимирад зи ғами ҳаҷри ту Носир, ғам нест, Дар фанои ман агар тӯли бақоят бошад.