Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Маро, ки нақши хаёли ту дар назар бошад,

Маро, ки нақши хаёли ту дар назар бошад, Чу баҳру кон садафи дида пургуҳар бошад. Агар ба соҳили чашмам хаёли ту гузарад, Зи мавҷи баҳр ҳамон беҳ, ки барҳазар бошад. Чу хоки раҳгузар афтодаам, гузоре кун, Туро агарчи зи амсоли мо гузар бошад. Чу кӯҳ пой ба доман кашидаам, чӣ аҷаб, Агар зи хуни дилам лаъл бар камар бошад?! Шунидаам, ки шавад хун ба нофи оҳу мушк, Дило, мадор таваққуъ, ки беҷигар бошад. Балои ишқ қазо буду ман надонистам, Ки иқтизои қазо то бад-ин қадар бошад. Хабар намедиҳад аз сирри васли ӯ Носир, Ки ҳар кӣ масти мудом аст, бехабар бошад.