Ҳар кас, ки муқими дари хаммор набошад,
Ҳар кас, ки муқими дари хаммор набошад,
Дар мазҳаби мо оқилу ҳушёр набошад.
Гар илми яқин аст туро, айни яқин ҷӯй,
К–он тоифаро кибр ба хирвор набошад.
Дорӣ ҳаваси суҳбати ӯ, тарки ҳавас гир,
К–он ёр ба ҳар булҳавасе ёр набошад.
Сардафтари асҳоби яқин буд Муҳаммад,
Шоҳе, ки чу ӯ қофиласолор набошад.
Бингар, зи куҷо омаду чун буду куҷо рафт,
Ёрет бад-ин заҳраи инкор набошад.
Гӯӣ, ки маро мартабаи илм чу Мӯсост,
Охир ҳам аз ин қавли худат ор набошад.
Ҳирсу ҳасаду бухл тамаъ дорӣ аз инҳо,
Ҳам хуш бувад, ар бар сари бозор набошад.
Анфоси муаттар чӣ занӣ беҳуда, Носир?
Ҳар бехабаре маҳрами асрор набошад.