Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар пояш афканам сар, то дарди сар набошад,

Дар пояш афканам сар, то дарди сар набошад, Бо зулфи ӯ диҳам дил, то дил дигар набошад. Рӯзе ба ёди зулфаш гар шаб ба рӯз орам, Бояд ки ҷуз рухи ӯ шабро саҳар набошад. Ҳар кас, ки дар раҳи ӯ бинҳод пой чун шамъ, Он беҳ, ки пой дорад, дар банди сар набошад. Онро, ки дар ду олам бошад назар ба қаддаш, Ҳиммат баланд дорад, кӯтаҳназар набошад. Парсӯхта зи оташ парвона ҳам зи пар шуд, Ӯро зи ибтидо худ он беҳ, ки пар набошад. Гуфтам, ки дар миёнат дасте камар тавон баст, Гуфто: Миёни моро тоби камар набошад. Гуфтам, ки бе хабар шуд Носир зи дарди ишқаш, Гуфто, ки ошиқонро аз худ хабар набошад.