Ушшоқи туро дарди сари ом набошад,
Ушшоқи туро дарди сари ом набошад,
Дар доираи сӯхтагон хом набошад.
Дар боргаҳи ишқ хирадро набувад роҳ,
К-он маҷлиси хос аст, раҳи ом набошад.
Он ҷо ки занад ёр саропардаи ғайрат,
Бар дасти сабо заҳраи пайғом набошад.
Ком аз даҳани ёр талаб, з-он ки дар ин давр
Ҷуз дар лаби ширини бутон ком набошад.
Моҳӣ ту, вале моҳи қасабпӯш надидем,
Сарвӣ ту, вале сарв гуландом набошад.
Он шефта гирад ба сари зулфи ту ором,
К-ӯро ба сари зулфи ту ором набошад.
Бояд ки бувад номи ту тасбеҳи забонам,
Нанге набувад, з-он ки маро ном набошад.
Дар ишқ чу Носир натавон ёфт ба айём,
К-он нодира бошад, ки ба айём набошад.