Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Моро сари куфру ғами ислом набошад,

Моро сари куфру ғами ислом набошад, Ҷое, ки ҳама нанг бувад, ном набошад. Дар маҷлиси хосон дафу чангу маю соқӣ Хуш бошад, агар дарди сари ом набошад. Эй муддаъӣ, бар мо мафишон донаи солус, Мурғи дили мо бастаи ҳар дом набошад. Аз бода ту кори дили мо хом маяндоз, Ошиқ, ки майи пухта хӯрад, хом набошад. З-ин ҳамнафасон ҳеч надонам кӣ гирад Дасти мани шӯрида, агар ҷом набошад. Ҳаргиз сари ман хоки раҳи бод мабодо, Гар раҳгузараш гӯшаи он бом набошад. Эй меҳр, агар аз матлаи иқбол бароӣ, То рӯзи абад субҳи маро шом набошад. Ҳарчанд ки дил мебибарад наргиси раъно, Чун наргиси ҷодуи ту бодом набошад. Авроқ бисӯзад ҳама аз гуфтаи Носир, Монеъ агар аз гиряии ақлом набошад.