Касе, к-аз ишқ фонӣ шуд, чунин бошад, чунин бошад,
Касе, к-аз ишқ фонӣ шуд, чунин бошад, чунин бошад,
Нишони мавҷ аз дарё ҳамин бошад, ҳамин бошад.
Диле, к-ӯ ҷумла ҷон гардад, на он гардад, на ин гардад,
Чу санги лаъл кон гардад, нигин бошад, нигин бошад.
Яқин андар фано бошад гумон аз ҳасти он хезад,
Чу он шуд аз гумон холӣ, яқин бошад, яқин бошад.
Чу ишқ омад, чу ишқ омад, на зуҳд омад, на фисқ омад,
На ширк омад, на куфр омад, на дин бошад, на дин бошад.
Бирав, ҷони муҷаррад шав, ба тавҳид ою муфрад шав,
Ки муфрад ҳар чӣ мехоҳӣ, дар ин бошад, дар ин бошад.
Ғубор аз сина берун кун, ки мардони муваҳҳидро
На дил бошад, на дил бошад, на кин бошад, на кин бошад.
Агар Носир бувад маҳрам, қафасро бишканад дарҳам,
Ба товусони фирдавсӣ қарин бошад, қарин бошад.