Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Саҷҷода чӣ кор ояду дастор чӣ бошад?

Саҷҷода чӣ кор ояду дастор чӣ бошад? Зар дар чӣ шумор ояду динор чӣ бошад? Қандил чӣ қадр ораду тасбеҳ чӣ қимат, Соғар чӣ зиён дораду зуннор чӣ бошад? Ман худ зи ғами ҳаҷри ту озурдаам, эй дӯст, Дигар ба мани сӯхта озор чӣ бошад? Гар маҳ бихӯрад ғуссаи даврон, чӣ ҷиноят, В-ар гул бикашад сарзаниши хор чӣ бошад? Гар дӯст ниҳад лаб ба лаби дӯст, чӣ нуқсон, В-ар ёр хӯрад май ба рухи ёр, чӣ бошад? Мағрур машав, зоҳид, аз он рӯйи риёӣ, Тоат чӣ ғурур ораду пиндор чӣ бошад. Дармегузарад Носиру бармегузарӣ ту, Гар ранҷа шавӣ бар сари бемор, чӣ бошад.
Саҷҷода чӣ кор ояду дастор чӣ бошад? | Шоирон