Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Сироти мо раҳи майхона бошад,

Сироти мо раҳи майхона бошад, Биҳишти мо рухи ҷонона бошад. На Тӯбо хуштар аз болои дилбар, На Кавсар беҳтар аз паймона бошад. Маро, эй зоҳид, аз дӯзах матарсон, Ки оташ роҳати парвона бошад. Агар сад теғ борад, марди ошиқ Натобад рӯй, чун мардона бошад. Магӯ, воиз, ба мо аз куфру имон, Ки томоти шумо афсона бошад. Ба панди оқилон ҳар к-ӯ ниҳад гӯш, Ба назди ошиқон девона бошад. Наёбӣ дар дили Носир ба ҷуз ишқ, Мақоми ганҷ дар вайрона бошад.
Сироти мо раҳи майхона бошад, | Шоирон