Ҳар кӣ бар абруву чашмат нигарон хоҳад шуд,
Ҳар кӣ бар абруву чашмат нигарон хоҳад шуд,
Оқибат куштаи он тиру камон хоҳад шуд.
Агар он рӯи дилорой нахоҳӣ пӯшид,
Фитнаи оламу ошӯби ҷаҳон хоҳад шуд.
Ҳалқае гар зи сари зулфи сияҳ бикшоӣ,
Дар шаби тира маҳу меҳр ниҳон хоҳад шуд.
Ҳар кӣ пешат сари таслим ниҳад ҳамчун чанг
Дар хароботи муғон мӯякашон хоҳад шуд.
Гарчи маъшуқ наёрад сухани ман дар гӯш,
Ошиқонро суханам вирди забон хоҳад шуд.
Ҳамчу хокам ба дарат хор, вале баъд аз ман,
Хоки ман сурмаи соҳибназарон хоҳад шуд.
Бар сари турбати ман чун гузарӣ, ҳиммат хоҳ,
Ки зиёратгаҳи риндони ҷаҳон хоҳад шуд.
Носир аз роҳи Ироқ ар наравад сӯйи Ҳиҷоз,
Чун най аз дасти мухолиф ба фиғон хоҳад шуд.