Ҳуснаш хати девонагӣ бар дафтари мо мекашад,
Ҳуснаш хати девонагӣ бар дафтари мо мекашад,
Моро зи хатти сабзи ӯ хотир ба саҳро мекашад.
Шакли санавбар шуд дилам моил суи болои ӯ,
З–он рӯ, ки сарви қоматаш дилро ба боло мекашад.
Лаълаш зи оби чашми ман изҳори гавҳар мекунад,
Чашмам ба ёди лаъли ту ёқути ҳумро мекашад.
Инсони айнам борҳо ғаввоси баҳри Ҳинд шуд,
З–ин сон ба доман чашми ман луълуи лоло мекашад.
Ҳар гаҳ ки ҷунбонад сабо аз зулфи Лайлӣ силсила,
Маҷнуни шайдо меравад, ҳар сӯй то по мекашад.
Соқӣ чу ҷоми хунфишон дар давр обам мебарад,
Мутриб чу чангам мӯкашон дар шаҳр расво мекашад.
Аз тоати бедарди худ сӯфӣ намеёбад сафо,
Хуш вақти ринде, к–аз қадаҳ дурди мусаффо мекашад.
Соқии маҷлисро бибин, дарё ба киштӣ медиҳад,
Маллоҳи амлаҳ дидаи киштӣ ба дарё мекашад.
Носир, ба ғурбат то ба кай танҳо зи маъво меравӣ?
Танҳои дурафтодаро хотир ба маъво мекашад.