Ҳар кас, ки пеши тири маломат сипар нашуд,
Ҳар кас, ки пеши тири маломат сипар нашуд,
Ҳаргиз миёни ҳалқаи ушшоқ сар нашуд.
Завқи ҷафову лаззати пайкони ғам наёфт,
Ҳар дил, ки захми тири балоро сипар нашуд.
Ҳар к-ӯ ғаме надиду фироқе наёзмуд,
Назди муқаррабони бало муътабар нашуд.
Сад рӯзро шаб омаду сад шомро саҳар,
Ё Раб, чӣ шуд, ки ин шаби моро саҳар нашуд?!
Пайке набурд номаву боде хабар надод.
Ӯро ба ҳеч ҳол зи ҳолам хабар нашуд.
Мурғе намепарад, ки барад сӯи гул паём,
К-он булбули асири туро болу пар нашуд.
Бо мо дудил мабош, ки мо бо ту якдилем,
Ту дил дигар макун, ки дили мо дигар нашуд.
З-он дарди сар кашам, ки шавам бар дари ту хок,
Эй хок бар саре, ки варо дарди сар нашуд.
Эй пандгу, маломати Носир чӣ мекунӣ?
Маҷнун ба ҳоли хеш ба панди падар нашуд.