Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Сухани зулфи ту гуфтам, нафасам мушкин шуд,

Сухани зулфи ту гуфтам, нафасам мушкин шуд, Сифати лаъли ту кардам, даҳанам ширин шуд. Завқи Фарҳод кам аз лаззати Парвиз набуд, Ки ҳама талхии комаш зи лаби Ширин шуд. Пеш аз ин роҳбари аҳли саодат будам, Раҳзанам савти муғаннию майи рангин шуд. Натавон дошт зи аҳди ту дигар чашми вафо, Ки ба аҳди ту ҷафо расму ситам ойин шуд. Моҳ бар гирди худ аз турраи шаб пурчин баст, Чун сари зулфи ту аз боди сабо пурчин шуд. Бар бисоти ту пиёда биниҳодам рухи зард, Боргири ҳунарам асби саодат зин шуд. Дили Носир, ки кашидӣ сари рифъат бар чарх, Рафт дар турраи мушкини туву мискин шуд.