Дар кӯи моҳрӯе поям ба гил фурӯ шуд,
Дар кӯи моҳрӯе поям ба гил фурӯ шуд,
Сархайли некномон расвои шаҳру кӯ шуд.
Эй сабри пойбарҷо, манзил ба кӯи ӯ кун,
К-он дил ки буд вақте, акнун аз они ӯ шуд.
Ақлам зи дурбинӣ ҷон гуфт лаъли ӯро,
Бо ақли хурдадонам бисёр гуфтугӯ шуд.
Ҳастии мо зи меҳраш чун зарра шуд ҳавоӣ,
Хоки вуҷуди ошиқ бар боди орзу шуд.
Дар дида акси рӯяш акси гуле дар об аст,
Дар дил хаёли лаълаш чун бода дар сабӯ шуд.
Гуфтам накӯ шавад дил аз дарди ишқ рӯзе,
Ин ҳам ки сӯхт куллӣ, аз дарди он накӯ шуд.
Танҳо нагашт Носир дар роҳи ишқ гумроҳ,
Дар водии муҳаббат сад корвон фурӯ шуд.