Ақле, ки зирак менамуд, аз ишқи ту девона шуд,
Ақле, ки зирак менамуд, аз ишқи ту девона шуд,
Аз ошнову хешу кас якборагӣ бегона шуд.
Дарди ту ҳар сӯ рахнае мекард дар бунёди дил,
Вайрона кардаш ин замон, чун ганҷ дар вайрона шуд.
Бигрезад аз шаккар магас, чун барфишонад остин,
Дар роҳу расми ошиқӣ собитқадам парвона шуд.
Аз хонумон овораам, з-ин ғам, ки доим рӯзу шаб
Бо мардуми чашмам чаро нақши рухат ҳамхона шуд.
Эй пандгӯ, гуфтам туро афсуни мо аз ғам макун,
Мемирам аз розе кунун, афсуни ту афсона шуд.
Ҷонест Носирро, ки ӯ медорад аз ҷонон ҷудо,
Гар ҷон сабукборӣ кунад, ҷон бидҳаду ҷонона шуд.