Аз хаёли хубрӯён чашми мо бутхона шуд,
Аз хаёли хубрӯён чашми мо бутхона шуд,
В-аз ғами занҷирмӯён ақли мо девона шуд.
Ҳеч медонӣ, чаро саргашта гардад офтоб?
З-он ки ӯ бар гирди шамъи рӯйи ту парвона шуд.
Нуқтаи холи туро то хатти мушкин доира-ст,
Мӯр, пиндорӣ, магар моил ба сӯйи дона шуд.
Мешавад аз ғам дили ман ҳамчу шона сад шикоф,
То чаро сарриштаи зулфат ба дасти шона шуд?
Ман ба маҷнунӣ шудам машҳур дар ҳар кишваре,
То ба хубӣ ҳамчу Лайлӣ ҳусни ӯ афсона шуд.
З–интизори шамъи рӯят чашми ман торик шуд,
Бар умеди ганҷи васли ту дилам вайрона шуд.
Гар ба ишқи ёр, Носир, ошноӣ мекунӣ,
Боядат аввал зи ақли хештан бегона шуд.