Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Маҳ нав шуду он ёри сафаркарда наомад,

Маҳ нав шуду он ёри сафаркарда наомад, Маъшуқи ҷигархораи дилбурда наомад. Озод кунем аз пайи каффорати ӯ ҷон, К-он дилбари бадаҳди қасамхӯрда наомад. Озурда шуд аз теғи ҷудоӣ дилу ҷонам, В-он марҳами ҷону дили озурда наомад. Бемор шудему қадаме ранҷа нафармуд, Мурдему зиёрат ба сари мурда наомад. Омад ба чаман бори дигар он ҳама гулҳо В-он сарви ба сад ноз бароварда наомад. Афғони ман аз пардаи афлок гузар кард В-он гул ки ниҳон гашт ба сад парда, наомад. Ранҷид, ки Носир даҳанам гуфт чу зарра-ст, Ҳарчанд, ки хурдам, зи ман ин хурда наомад.