Бо васли гул расидан булбул наметавонад,
Бо васли гул расидан булбул наметавонад,
Лутфе кунад магар бод, бӯе ба вай расонад.
Бар ҳар варақ чаманро бе ҳарф моҷароест,
Ку ошиқе чу булбул, то нонавишта хонад?
Хоҳам, ки ҷома бар тан чун ғунча чок созам,
Бошад, ки он санавбар ҳоли дилам бидонад.
Дардо, ки ташна мурдам в-он ёр, к-ӯ табиб аст,
Раҳме наменамояд, шарбат намечаконад.
Гуфтори гарми Носир чун тир оташин аст,
Бар ҳар диле, ки ояд, аз дида хун чаконад.