Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ин ҷо ки манам, номаи дилбар кӣ расонад?

Ин ҷо ки манам, номаи дилбар кӣ расонад? Дар дӯзахи сӯзон нами Кавсар кӣ расонад? Гирам, ки дили ман чу кабӯтар парад он ҷо, Ин номаи маймун ба кабӯтар кӣ расонад? Чун боди хазон омаду гулҳо ҳама рафтанд, Бо мурғи саҳар бӯйи гули тар кӣ расонад? Аз мо кӣ барад пеши дилором саломе, Аз зарра таҳият ба суйи х(в)ар кӣ расонад? Муштоқии парвона бари шамъ кӣ гӯяд? Пайғоми магас ҷониби шаккар кӣ расонад? Бо сарв, ки таблиғ кунад шавқи гиёҳе, В-аз сабза заминбӯси санавбар кӣ расонад? Мегуфт, ки Носир ба дарам хок шавад зуд, Ман худ шудаам хок, бар он дар кӣ расонад?
Ин ҷо ки манам, номаи дилбар кӣ расонад? | Шоирон