Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ёр рафт аз дидаву дар дил бимонд,

Ёр рафт аз дидаву дар дил бимонд, Дил ба зери бор чун маҳмил бимонд. Давлати бедори ман чун даргузашт, Бахти хоболудро ғофил бимонд. Моҳ чун манзил ба манзил сайр кард, Муштарӣ дар аввалин манзил бимонд. Дил ба ӯ додему дилдорӣ накард, Дил намонд ӯрову моро дил бимонд. Уқдаи абрӯйи ӯ накшод ақл, Рафт умру ҳамчунон мушкил бимонд. Сарв чандон аз ҳавои қоматаш Даст бар сар зад, ки по дар гил бимонд. Ҳар кӣ як дам дурди дардашро кашид, Ҳамчу Носир масти лояъқил бимонд.