Ҳар дида рухи хуби ту дидан натавонад,
Ҳар дида рухи хуби ту дидан натавонад,
Ҳар кас сари зулфи ту кашидан натавонад.
Хусрав лаби Ширин бигазад ҳамчу шакар, лек
Фарҳод ҷуз ангушт газидан натавонад.
Хун гашт дилам ғунчасифат аз ғами ҳиҷрон,
Аз заъф вале ҷома даридан натавонад.
Имрӯз, ки бар шарбати васли ту расад даст,
Бемор чунон шуд, ки чашидан натавонад.
Афғони ман аз пардаи афлок гузар кард,
Дар гӯши ту, эй моҳ, расидан натавонад.
Ҳарчанд ки душман зи забон теғи бало сохт,
Моро зи ту, эй дӯст, буридан натавонад.
Бе ҳиммати олӣ натавон рафт раҳи ишқ,
Бе пар ба ҳаво мурғ паридан натавонад.
Гулгуни сиришкам зи паят гашт басе руд,
Истод кунун хушку давидан натавонад.
Дар доми сари зулфи ту мурғи дили Носир
Дар айни ҳалок асту тапидан натавонад.