Ошиқон мавсими гул хайма ба саҳро задаанд,
Ошиқон мавсими гул хайма ба саҳро задаанд,
Боргаҳ бар суману лолаи ҳумро задаанд.
Сокини маҷлисашон зуҳраву хуршеду маҳ аст,
Соябонест, ки бар ганбади мино задаанд.
Ханда бар нолаи булбул чӣ занад гул, ки ба субҳ
Тири оҳест, ки бар авҷи Сурайё задаанд.
Мутрибон чун шуда сармаст ба ҳангоми самоъ,
Ҳама бар чангу дафу Зуҳраву Заҳро задаанд.
Чун нашинанд ба шаш-панҷ ҳарифони сабӯҳ,
Аввалин дов ба тасбеҳу мусалло задаанд.
Қатраҳои арақ аз оташи май бар рухи ёр
Нами абр аст, ки бар чеҳраи гулҳо задаанд.
Раҳнишинони сари кӯи бутон чун Носир
Тахти шоҳӣ ба саропардаи аъло задаанд.