Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Санги таъна ба сабӯям задаанд,

Санги таъна ба сабӯям задаанд, Табли бадномӣ ба куям задаанд. Кай фитад дар кафи ман домани васл?! Силии ҳаҷр ба рӯям задаанд. Теғи хубон ба ҷафо хунам рехт, Бад нагӯям, ки накӯям задаанд. Ҷӯи хун меравад аз дидаи ман, Мардумон ғӯта ба ҷӯям задаанд, Бар сарам доираи нуҳ гардун Ҳаст чавгону чу гӯям задаанд. Шуд танам бастаи гесӯи бутон, Гираҳи мӯй ба мӯям задаанд. Ҳамчу теғ аст забони Носир, Турфа теғе ба гулӯям задаанд.