Дар он рӯзе, ки хубон офариданд,
Дар он рӯзе, ки хубон офариданд,
Туро бар ҷумла султон офариданд.
Туро доданд тавқеъи саодат,
Пас он гаҳ рӯҳи инсон офариданд.
Малоҳат дар ту яксар ҷамъ карданд,
Пас он гаҳ моҳи Канъон офариданд.
Париро ҷумла дар хайли ту карданд,
Пас он гоҳе Сулаймон офариданд.
Чу шодурвони ҳуснат мекашиданд,
Ба дарбони-т ризвон офариданд.
Зи хоки пойи ту гарде, ки бурданд,
В-аз он гардуни гардон офариданд.
Зи рӯят партаве бар осмон шуд,
В-аз он хуршеди тобон офариданд.
Саворе чун ту дар майдони хубӣ
Наёмад, то ки майдон офариданд.
Ба ёди чашму зулфат ҳамчу Носир
Маро масту парешон офариданд.