Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Аҳли назар, ки сӯхтагони балокашанд,

Аҳли назар, ки сӯхтагони балокашанд, Расми вафо раҳо накунанд, ар ҷафо кашанд. Онон, ки раҳравони вафоянд, аз мижа Сӯзан кунанду хори ҷафоро зи по кашанд. Пайкони ғамзаи ту, ки биншаст дар дилам, Ҷони азизи мост, намонем, то кашанд. Гар бигзарад ба савмаа бӯе зи ҷоми ту, Дар пои хум амомаи ҳар порсо кашанд. Дар интизор дидаи Носир сапед шуд, Бошад зи пойи хоки туаш тӯтиё кашанд.
Аҳли назар, ки сӯхтагони балокашанд, | Шоирон