Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дилам аз ҷоми ғамат неши бало нӯш кунад,

Дилам аз ҷоми ғамат неши бало нӯш кунад, Ҳамаро дарду маро дарди ту беҳуш кунад. Чун ба пешат накунам нола, ки булбул дар боғ, Ин маҳол аст, ки гул бинаду хомӯш кунад. Комам аз шаҳди шаҳодат лаби ту ширин кард, Чун касе шаккари шукри ту фаромӯш кунад? Он ки аз азрақи зарқ аст бар ӯ ранги дурӯғ, Аз дарун қалби сиёҳест, ки рӯпӯш кунад. Чорчӯби тани худ гар накунӣ хокистар, Деги савдои ту кай з-оташи дил ҷӯш кунад? Ёр дар паҳлуи ағёр, зиҳӣ зулми сареҳ, Ҳайф гулро, ки чунон хор дар оғӯш кунад. Гавҳари назми ту, Носир, ки зи баҳри ғайб аст, Ҳар кӣ бишнохт, ба зар гираду дар гӯш кунад.