Чашми ту аз тири мижа ҳар сӯ шикоре афканад,
Чашми ту аз тири мижа ҳар сӯ шикоре афканад,
Он турк дар як чашмзад кушта ҳазоре афканад.
Дар ҳасрати он к–аз туам тире расад, ҷон медиҳам,
Бар сайди лоғар тири худ кай шаҳсаворе афканад?
Ишқи ту к–аз вай ҷони ман ҷоми дамодам мехӯрад,
Нохӯрда бода ақлро андар хуморе афканад.
Бар дида нанҳам пои ту, к–озурда гардад аз мижа,
Гулро раво набвад, ки кас болои хоре афканад.
Аз шашдари хоби адам ёбад раҳоӣ бахти ман,
Як каъбатайн бар номи ман гар бахтёре афканад.
Ман дар диёри худ наям, то дарди ёрам дар дил аст,
То кай фироқам мӯкашон дар ҳар диёре афканад?
Боди сабо хоки маро бар ҳар сари роҳе фишонд,
Ӯ сояи худро магар бар раҳгузоре афканад.
Ё Раб, фалакро ҳамчу ман дар ҳаҷри ёре афканӣ,
То чанд ӯ ҳар дам маро дар ҳаҷри ёре афканад?
Носир ба ёди дӯстон маъмур дорад ҷону дил,
Ҳарчанд ҳиҷрон рахнаҳо аз ҳар диёре афканад.