Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Абр мегиряд ба зорӣ, гул табассум мекунад,

Абр мегиряд ба зорӣ, гул табассум мекунад, Лола соғар медиҳад, булбул тараннум мекунад. Савти мутриб роҳи исломи халоиқ мезанад, Чашми соқӣ ғорати имони мардум мекунад. Шодмонем аз ғами ишқат, ки ҳар дам беҳиҷоб Медарояд дар дилу бар ҷон тақаддум мекунад. Ин мазаллат бин, ки ман маҳҷуру доим чашми ман Бо хаёлат даст дар гардан танаъъум мекунад. Раҳнамои сокинони қудс, яъне ақли кулл Мерасад бар ҷавҳари фарди ту, раҳ гум мекунад. Бар дарат хоки раҳам, аммо Буроқи ҳимматам Нуҳ сипеҳру чор унсур зери як сум мекунад. Зор мегирянд бар аҳволи Носир қудсиён, Баски ҳар шаб аз ғами ишқат тазаллум мекунад.
Абр мегиряд ба зорӣ, гул табассум мекунад, | Шоирон