Риндаму ошиқу девона ба овози баланд,
Риндаму ошиқу девона ба овози баланд,
Айби маъбуд макун зоҳиду бар риш маханд.
Завқи дайрам на чунон силсила меҷунбонад,
Ки тавон доштанам сокини масҷид якчанд.
Гар ман аз нолаи худ даст фишонам, чӣ аҷаб,
Ки ҷаҳад оташи сӯзанда ба ҳар холи сипанд.
В-ар бибӯсам лаби соқӣ, ба адоват манишин,
Манъи тӯтӣ натавон кард, ки боз ой зи қанд.
Воизо, гӯши ман аз савти муғаннӣ пур шуд,
Ҳарза кам гӯй, дили мо чу намегирад панд.
Айби риндон макун, эй габри мусулмонсурат,
Мункири мо машав, эй фосиқи зоҳидмонанд.
Носир андар раҳи ишқи ту пиёда-ст ҳанӯз,
Гарчи берун зи ду олам бидавонид саманд.