Он ду ҳабашизода, ки бар рӯй давонанд,
Он ду ҳабашизода, ки бар рӯй давонанд,
Дар пой биафтанд, гар аз дида биронанд.
Густохии ҳиндубачагон бин, ки ба шӯхӣ
Доим зи раҳи дида суйи Рум давонанд.
Гӯянд, ки булбул ҳама шаб баҳри чӣ нолад?
Онҳо, ки зи ҳусни гулу шамшод надонанд.
Ин оташи мо з–оби маломат нанишинад.
Биншондани ин шӯр ба дарё натавонанд.
Дар маҷлиси мо парда барандоз, ки ушшоқ
Ҷон бар ту фишонанду дуо низ бихонанд.
Ҷамъе, ки супоранд ба зулфи ту дилу дин,
Чун баргузарӣ дар қадамат ҷон бифишонанд.
Носир, наравад ашк, ки бар чашми ту хӯ кард,
Саркаш бувад он банда, ки бар дида нишонанд.