Риндони покрав, ки ба кӯрон асо диҳанд,
Риндони покрав, ки ба кӯрон асо диҳанд,
Акнун зарурат аст, ки навбат ба мо диҳанд.
Чун интиҳои ройи ту равшан намешавад,
Ҳар кас нишон зи манзили васлат чаро диҳанд?
Ранҷидаам ба ҷону дил аз аҳли савмаа,
Вақт аст, агар ба дурдии дайрам сафо диҳанд.
Чун домани мурод на дар чанги саъйи мост,
Сарришта беҳтар он, ки ба дасти қазо диҳанд.
Соқӣ, мадор маҷлиси мо холӣ аз шароб,
То аз шароби ноби биҳиштат ҷазо диҳанд.
Олудаӣ ба хуни дили мо лабу даҳан,
Фармой, то ба бӯса маро хунбаҳо диҳанд.
Носир ба ғайри дӯст таваҷҷуҳ малолат аст,
Дӯзах раванд беҳ, ки ба ҷаннат ризо диҳанд.