Дӯш дар фикри ман он шакли қади боло буд,
Дӯш дар фикри ман он шакли қади боло буд,
Назари ҳиммати ман аз тарафи боло буд.
Дида мезад ҳама шаб нақши хаёлат бар об,
Пеши соҳибназарон рози ниҳон пайдо буд.
Оби чашм аз сарам имрӯз гузашту чӣ аҷаб,
З–он ки дӣ то камару дӯш ба дӯши мо буд.
То ба маънӣ нарасидем, намешуд маълум,
Бин, ки дар пардаи тақдир чӣ суратҳо буд.
Ҳама аз майкада рафтанд ҳарифон сармаст,
Сари мо буд, ки дар пойи хуми саҳбо буд.
Натавонист, ки Носир ба ҳунар пӯшад айб,
Ки мубассир ба ҳама айбу ҳунар бино буд.