Пеш аз он к–ин шахси номавҷуди ман мавҷуд буд,
Пеш аз он к–ин шахси номавҷуди ман мавҷуд буд,
Кӯи ёрам мақсаду рӯи туям мақсуд буд.
Пеш аз он к–оби бақоро хушкрӯди тан бидид,
Ҷоми май бар дастаму дар гӯш бонги руд буд.
Пеш аз он к-аз ишқ мағзи хокиён бӯе надошт,
Миҷмари афлокро ҷону дили мо уд буд.
Пеш аз он к-ин чорчӯби ҷисм чун ҳезум бисӯхт,
Сақфи нуҳ гардун зи оҳи ошиқон пурдуд буд.
Абруяш меҳроб шуд, ҷони ман омад дар суҷуд,
Бар кӣ буд он саҷда, чун худ соҷиду масҷуд буд.
Он ки Маҳмуд аст номаш, сурате буд аз Аёз,
Он ки мегӯянд Аёзаш, маънии Маҳмуд буд.
Гар миёнаш дар канор овард Носир, бок нест,
Дар миёни ошиқу маъшуқ рамзе буд, буд.