Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ё Раб, ин дил ба куҷо рафту куҷо хоҳад буд?

Ё Раб, ин дил ба куҷо рафту куҷо хоҳад буд? Ҳар куҷо чашми хушу зулфи дуто хоҳад буд. Гар аз ин шева бувад меҳри туву ҷаври рақиб, Қосиду ҳамдами ман боди сабо хоҳад буд. Дӯст душман шуду дидам ба сутурлоби қадаҳ, Ки миёни ману ӯ сулҳу сафо хоҳад буд. Ту дар ин боғ дарахти гули навхостаӣ, Ки зи болои ту бар сарв бало хоҳад буд. Бигузар аз сари хокам, ки зи обу гили ман То абад ҳар чӣ дамад, меҳргиё хоҳад буд. Ҳолӣ ин ҷост маро аз ту ҷудоӣ боре, То дигар ваъдаи дидор куҷо хоҳад буд. Носир он рӯз, ки чун гард ҳавоӣ гардад, Гарди ӯ гирди сари кӯи шумо хоҳад буд.
Ё Раб, ин дил ба куҷо рафту куҷо хоҳад буд? | Шоирон