То нагуфтӣ сухане, нақши даҳон ҳеч набуд,
То нагуфтӣ сухане, нақши даҳон ҳеч набуд,
То набастӣ камаре, шакли миён ҳеч набуд.
То нахандид лаби лаъли ту бар гиряи ман,
Дар тани хокии мо гавҳари ҷон ҳеч набуд.
То маро меҳри ту чун зарра падидор накард,
Аз ҳаводории ман ному нишон ҳеч набуд.
То назад мавҷ зи файзи карамат баҳри вуҷуд,
Дар завоёи адам кавну макон ҳеч набуд.
Дар азал партави меҳри ту ҷаҳонро ҷон дод,
В-арна, эй ҷони ҷаҳон, ҷону ҷаҳон ҳеч набуд.
Кори ҳусн аз қаду болои ту то рост нашуд,
Бо ду чашми ту, ки аз фитна нишон ҳеч набуд.
То ниқоб аз рухи гул боди сабо барнагирифт,
Нолаи булбулу фарёду фиғон ҳеч набуд
То насиме зи гули васли ту Носир нашамид,
Ҳамчу савсан сухани ратбулисон ҳеч набуд.