Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ишқи ту буд бо ману аз ман нишон набуд,

Ишқи ту буд бо ману аз ман нишон набуд, Меҳри ту буд дар дилу дил дар ҷаҳон набуд. Нақши ту дар хаёлу хаёл аз назар ҷудо, Номи ту бар забону забон дар даҳон набуд. Рӯзе маро ба хони висолат бихондаӣ, К-ин қурси меҳр бар табақи осмон набуд. Чархе задам ба гирди миёни ту чун камар, Он дам, ки чархро камаре дар миён набуд. Тире зада-ст турки камондори ту маро, З-он пештар, ки тири фалакро камон набуд. Дар қабзаи ту ман шудаам чун камон дуто, Рӯзи азал, ки ҳеҷ паю устухон набуд. Асрори туст он, ки зи най мерасад ба гӯш, Моро аз он гиёҳи заиф ин гумон набуд. Носир зи бӯи бодаи лаъли ту ёфт ҷон, В-арна дар обу хоки манаш бӯйи ҷон набуд.
Ишқи ту буд бо ману аз ман нишон набуд, | Шоирон