Сари савдозадаам дӯш ба болини кӣ буд?
Сари савдозадаам дӯш ба болини кӣ буд?
Ҳалқаи гӯши ман аз гесуи мушкини кӣ буд?
Нуқли маҷлис ҳама шаб пистаи пуршӯри кӣ шуд?
Ҷоми май бар даҳанам аз лаби ширини кӣ буд?
Сабза то рӯз сар андар қадами сарви кӣ дошт?
Хор то вақти саҳар бо гулу насрини кӣ буд?
Ҳама шаб наъраи мастона зи нӯшонӯшам
Ёр пурсид, ки аз бодаи нӯшини кӣ буд?
Куфри зулфаш, ки парешонии ислом аз ӯст,
Дар шикасти дилу барҳам задани дини кӣ буд?
Чашми наргис зи камин тир ниҳода ба камон,
То раҳи меҳри киро мезаду дар кини кӣ буд?
Ин саодат, ки қарин шуд ба дуои Носир,
Ҳадди ӯ нест, надонам, ки зи омини кӣ буд?