Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар азал қиблаи ҷонҳо хами абрӯи ту буд,

Дар азал қиблаи ҷонҳо хами абрӯи ту буд, Рӯи ту сӯи дилу рӯи дилам сӯи ту буд. Пеш аз он рӯз, ки хуршеди фалак нур надошт, Олами ишқ мунаввар зи маҳи рӯи ту буд. Малак аз нисбати он саҷда бар одам мекард, Ки гили қолабаш аз хоки сари кӯи ту буд. Дил, ки дар чоҳи занахдони ту аз раҳ мерафт. Оқибат ҳаблиматинаш хами гесӯи ту бод, Ишқ сарриштаи ақле, ки рабуд аз дастам, Ғолиб он аст, ки дар силсилаи мӯи ту буд. Қадди дутои маро ғам зи кашокаш бишикаст, Рафт аз даст камоне, ки ба бозуи ту буд. Ба сари турбати Носир агар оӣ рӯзе, Ба дуо ёд кун ӯро, ки дуогӯи ту буд.