Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Мегузашту зи ҳаё чеҳра барафрӯхта буд,

Мегузашту зи ҳаё чеҳра барафрӯхта буд, Эй басо хона, ки аз оташи ӯ сӯхта буд. Чун камонхонаи абрӯ бикушод аз ғамза, Чашм дар дидаи соҳибназарон дӯхта буд. Ёр дар ҷони ман он дам, ки ҳамезад оташ, Сангу оҳан дили ӯ буду дилам сӯхта буд. Ҷумла дар об май андохт ба як дам соқӣ, Сабри ман ҳар чӣ ба айём биандӯхта буд. Нахариданд ба як ҷуръаи май аз сӯфӣ Дар хароботи муғон зуҳд, ки бифрӯхта буд. Ҷон чу парвона фишондем бар он шамъ, ки ӯ Маҷлиси мо чу рухи хеш барафрӯхта буд. Сурате дид дар оинаи рӯяш Носир, Ки дар оина чу тӯтӣ сухан омӯхта буд.