Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Бо рухаш моҳи осмон чӣ бувад,

Бо рухаш моҳи осмон чӣ бувад, Зарра бо меҳр ҳамъинон чӣ бувад? Пеши чашмаш хадангро чӣ маҳал, Назди абрӯи ӯ камон чӣ бувад? Бӯса ҷустам аз он даҳон, гуфто: Бӯса чун бошаду даҳон чӣ бувад? Гуфтамаш: Гирам он миён ба канор, Гуфт: Муҳмал магӯ, миён чӣ бувад? Ҷон талаб кард ёру ман гуфтам: Ғайри лаъли лаби ту ҷон чӣ бувад? Рӯи зардам рақиб нашносад, Хар чӣ донад, ки заъфарон чӣ бувад? Бар дараш хор шуд сари Носир, Қимати саг бар остон чӣ бувад?