Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Даҷларо имсол рафторе аҷаб мастона буд,

Даҷларо имсол рафторе аҷаб мастона буд, Пой дар занҷиру каф бар лаб, магар девона буд? Чарх мезад обу бармегашт дар гирди ҳисор, Гӯиё Бағдод шамъу Даҷла чун парвона буд. Тирборон кард абру лашкаре чун сел ронд, К-аз барои қалъа бикшодан қавӣ мардона буд. Ҳамчу афъӣ ҳалқа мезад об бар дарҳои шаҳр, В-аз ҳама бобе бад-ӯ афсуни мо афсона буд. Даҷла оби рӯйи Бағдод аст, чун аз сар гузашт, Халқро чун мардуми чашм об з-ӯ дар хона буд. Ошно нагрифт дасти кас, чу дарё шуд муҳит, То чӣ бошад ҳоли он, к-аз ошно бегона буд. Шавқи султонро чу сармастон зи пой афканд сел, Майфурӯшони балоро дурд бе паймона буд. Ашки Носир ҳамчу тӯфон шуд зи моҳӣ то ба моҳ, Ҷирми ахтар дар миёни об чун дурдона буд. Кӯҳи сангиндил чунон аз дида сели хун биронд, К-он иморатҳои сангин гӯиё вайрона буд.