Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дӯш дар маҷлис кабоби мо зи сӯзи сина буд,

Дӯш дар маҷлис кабоби мо зи сӯзи сина буд, Бедилонро ашки рангин бодаи дӯшина буд. Дар дилу чашмам хаёли ӯ ҳама шаб то ба рӯз Ҳамчу маҳ дар чашмаву хуршед дар оина буд. Ман аз ӯ чун осмон холӣ накардам дил зи меҳр, Аз чӣ рӯ он моҳро дар сина бо мо кина буд? Дар сарам танҳо на имрӯз аст завқу ваҷду ҳол, Муддате шуд, то маро имрӯзу фардо дина буд. Бодаи куҳна ба ёдат хӯрдам аз рӯзи азал, Гарчи паймон тоза кардам, аҳди ман дерина буд. Ҳамчу най таҷрид кардам ҷома пеши пири чанг, Бонги най беҳтар маро аз хирқаи пашмина буд. Дӯш Носир ҳамчу анқо бурд раҳ дар Қофи қурб, Арзани заррини анҷум зери пояш чина буд.