Ёр танҳо шуду он беҳ, ки ба танҳо наравад,
Ёр танҳо шуду он беҳ, ки ба танҳо наравад,
Ҷони ман рафт бад–ӯ, то тани танҳо наравад.
Ӯ ҳамерафт чу боду зи тани хокии ман
Гард овехта дар домани ӯ, то наравад.
Хезу пайғом бар, эй бод, Худорову бигӯй,
То даме сояи лутфаш зи сари мо наравад.
Нест ҷуз боди сабо қосиду ҳамдам, ӯ низ
Сахт суст аст, надонам, биравад ё наравад.
Аҳд кардам, ки дар ин роҳ зи сар созам пой,
Биравад сар ба сари аҳд, агар по наравад.
Барқ агар теғ занад, кӯҳу камар накшояд,
Бод агар ҳамла кунад, норван аз ҷо наравад.
Носир, ин қалби музаввар, ки ба зарби ишқ аст,
Ба чӣ кор ояд, агар дар сари савдо наравад?