Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад,
Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад,
Ҳаргиз аз ёди ман он зулфи парешон наравад.
Аз димоғи мани савдозада акси рухи ту
Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.
Ончунон меҳри ту андар дилу ҷон раҳ дорад,
Ки гарам ҷон биравад, меҳри ту аз ҷон наравад.
Бори ҳаҷри ту ба гиря наравад аз дили ман,
З-он ки ӯ кӯҳи гарон асту ба тӯфон наравад.
Дар азал баст дилам бо сари зулфат паймон,
То абад сар накашад в-аз сари паймон наравад.
Гар равад аз пайи хубон дили ман, маъзур аст,
Дард дорад, чӣ кунад, к-аз пайи дармон наравад?!
Ҳар кӣ хоҳад, ки чу Носир нашавад саргардон,
Дил ба хубон надиҳад в-аз пайи эшон наравад.