Рӯй дар масҷиду дил сокини хаммор чӣ суд?
Рӯй дар масҷиду дил сокини хаммор чӣ суд?
Хирқа бар дӯшу миён баста ба зуннор чӣ суд?
Ҳар кӣ дар пеши бутон саҷда кунад дар хилват,
Лофи имон заданаш бар сари бозор чӣ суд?
Дил чу покиза бувад, ҷомаи нопок чӣ бок,
Сар чу бемағз бувад, нағзии дастор чӣ суд?
Гар табиат набувад қобили тадбири ҳаким,
Қуввати адвияюву нолаи бемор чӣ суд?
Ошиқӣ рост наёяд ба такаллуф, Носир,
Чун саодат набувад, кӯшиши бисёр чӣ суд?