Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Гар подшаҳ ба кӯи ту ояд, гадо шавад,

Гар подшаҳ ба кӯи ту ояд, гадо шавад, Дар кӯи ту гадо биравад, подшо шавад. Махром ҳар тараф, ки зи қадди ту кори ҳусн Боло гирифтаасту мабодо бало шавад. Гетӣ чун акси нури таҷаллои рӯи туст, Он беҳ, ки дил чу оина гетинамо шавад. Аз ҷидду ҷахди халқ муяссар нашуд мурод, Дорам умеди он, ки ба лутфи Худо шавад. Аз рангу бӯ гирифт дилам, ку насими лутф? То ҳамчу ғунча хирқаи рангин қабо шавад. Хоҳад бақои зоти ту аз шодии висол, Рӯзе ки Носир аз ғами ҳиҷрон фано шавад.