Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дили ман хун шуду то хун нашавад, дил нашавад,

Дили ман хун шуду то хун нашавад, дил нашавад, Ҷон ба лаб омаду коме зи ту ҳосил нашавад. Ёсамин дид қадат дар чаману моил шуд, Кист, к-ӯ қадди туро бинаду моил нашавад?! Лабат, эй қурси қамар, кай ба даҳонам бирасад, Чашми ман гар ба сари кӯи ту соил нашавад? Банд аз гардани ман бори балои ту кушод, Ҳар кӣ аз хеш набуррад, ба ту восил нашавад, Ту ба оина муқобил шавӣ аз худбинӣ, В-арна бо рӯйи ту оина муқобил нашавад. Ҳар кӣ воқиф шавад аз ишқ, нагардад ғофил, З–он ки девона зи занҷир чу оқил нашавад. Ошиқӣ бар ту агар хатм нагардад, Носир, Даст дар гардани мақсуд ҳамоил нашавад.