Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Гар чу писта даҳани танги ту дар ханда шавад,

Гар чу писта даҳани танги ту дар ханда шавад, Пистаро пӯст зи тан пеши ту барканда шавад. Чун бибинад қади болои туро, нест аҷаб, Сарви озод ба ҷону дил агар банда шавад. Ҷонам он дам, ки зи рух пардаи тан бардорад, Тарсам, аз рӯи дилорои ту шарманда шавад. Баски бӯсад дару девори туро чун зарра Танам он рӯз, ки чун гард пароканда шавад. Носир он рӯз, ки дар хок бувад азми рамим, Қадаме бар сари хокаш биниҳӣ, зинда шавад.