Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дилбар агар ба коми дили ман намешавад,

Дилбар агар ба коми дили ман намешавад, Ман розиям зи дӯст, ки душман намешавад. Ҳар кас, ки хамчу пири фалак хӯшачин нашуд, Чун меҳру моҳ соҳиби хирман намешавад. Рӯйи беҳӣ набинад аз осеби душманон, То бар Халил нори ту гулшан намешавад. Фанни ман аст ошиқию бетакаллуфӣ, Оқил ба фикр воқифи ин фан намешавад. Хуни раз аст ҳамчу суроҳӣ ба гарданам, Шукр аст, хуни халк ба гардан намешавад. То Носир аз Ҳиҷоз наёяд суи Ироқ, Ушшоқро мақом муайян намешавад.